- бор
- I[بار]1. асоси замони ҳозира аз боридан2. ҷузъи пасини калимаҳои мураккаб ба маънии боранда, резанда, пошанда ва маънои зиёдии чизе: мушкбор, нурбор, ашкбор, рӯдбор, дарёбор, ҷӯйбор ва ғ.II[بار]1. он чи ба дӯш ё пушти инсон, чорпо ё болои мошин ниҳода, аз ҷое ба ҷое мебаранд; моли кашондашаванда; чизу чораи басташуда барои ҳамлу нақл; бори каҷ ба манзил намерасад (зарб.); гапи бисёр ба хар бор (зарб.)2. вазнинӣ, гаронӣ; бори рӯзгор // бори зиндагӣ ташвиш ва корҳои рӯзмараи оила3. ҳамли занон, бачае, ки дар батни модар аст, ҷанин4. маҷ. чизи барзиёд, чизи нодаркор; бори гарон // бори вазнин а) чизи сарзиёду номатлуб, дарди сар; б) маҷ. хизмати вазнину пурмашаққат, ташвиши рӯзгор; бор кардан чизеро ба болои нақлиёт, чорпо ё пушти касе гузоштан (барои бурдан ба ҷое); бор кашондан // бор кашидан чизеро нақл кардан, аз ҷое ба ҷое бурдан (овардан); бор фуровардан // бор холӣ кардан чизеро аз болои нақлиёт ё аспу хар гирифта, ба поён гузоштан◊ бори зиёдатӣ // бори барзиёд чизи нодаркор; ташвиши беҳуда, дарди сар; бори наков а) чизҳои шишагӣ, чинивор ва зарфҳои сафолӣ, ки беҷо даст расонида шавад, мешикананд; б) маҷ. шахсе, ки ба ӯ гап занед ё кордор шавед, ягон зарар мебинед, шахсе, ки ба андак гап шӯрида, оташин мешавад; бору буна // бору буд тамоми чизу чора, ҳамаи дороӣ; кору бор машғулият, шуғл, фаъолият, корҳои гуногун; бор (бар)бастан омодаи сафар шудан, ба рафтан тайёрӣ дидан; рафтан; бор кушодан ба ҷое маҷ. ҷоеро манзил қарор додан, ҷо гирифтан дар маконе; ба гардани касе бор кардан иҷрои кореро ба зиммаи касе гузоштан, касеро ба иҷрои коре вазифадор кардан; ба гардани касе бор шудани чизе ё коре ба зиммаи касе афтодани иҷрои коре ё масъулияти чизе; бори касеро бардоштан корҳои мушкили касеро иҷро кардан; аз барои касе азобу машаққат кашидан; бори худро ба гардани касе андохтан (партофтан) ташвиши худро ба сари дигарон партофтан; таъминоти рӯзмарраи худро ба ӯҳдаи касе гузоштан; дар зери бори таъна (сарзаниш) мондан мавриди таъна (сарзаниш) қарор гирифтанIII[بار]бар, мева, самар, ҳосили дарахт; бор овардан // бор додан а) мева додан, ҳосил кардан; б) натиҷа бахшидан, ба бор омадан ҳосил бастан, ба ҳосил даромаданIV[بار]дафъа, карат, мартаба: аввалин бор, чанд бор; боре а) як дафъа, як бор; б) рӯзе, замоне; борҳо якчанд дафъа, чандин бор; бори дигар дафъаи дигар, боз, минбаъд; ягон бор ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ, ҳаргиз; як бор - ним бор гоҳо, баъзанV[بار]кит. рухсат, иҷозат барои даромадан ба ҷое; бор додан касеро пазироӣ кардан, роҳ додан, бор ёфтан иҷозати дохилшавӣ гирифтан; ба ҳузури касе (мас., шоҳ) расиданVI[بار]лот. хим. унсури химиявии душворгудоз, ки аз ҷиҳати сахтӣ ба алмос наздик аст
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.